Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 1.7 миллиард сомонӣ баробар гардидааст

Дар соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши савдо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 3.6 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023, 790 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Дилшод Сафарзода раиси ноҳияи Фирдавсӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 1.7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023, 449 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2024 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 147 ҳолати ғайриқонунӣ аз худ кардани қитъаҳои замин ошкор карда шудааст. Ба таъкиди Дилшод Сафарзода раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбати чунин ҳолатҳо чораҷӯӣ карда шуда, аз ҷониби масъулин 30.2 ҳазор метри мураббаъ қитъаи замини худсарона ғасбшуда ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 420 адад ҷойҳои кории холӣ маҷуд аст, маоши ҳадди ақал дар онҳо аз 1 800 то 4 000 сомониро ташкил медиҳад. Дилшод Сафарзода раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфт, ки ҳоло дар ҳудуди ноҳия 214 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 18 адади он дар соли 2024 маҳсулот истеҳсол накарданд ва 1 корхонаи дигар бошад пурра аз фаъолият боз мондааст.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар соли 2024 аз ҷониби Комиссия оид ба ҳуқуқи кудаки ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор аз соати 6 то 11 шаб, дар марказҳои компютерӣ, зиёда аз 209 маротиба редҳои муштарак гузаронида шудааст, ки дар натиҷаи онҳо зиёда аз 444 нафар кудак дарёфт шуда, нисбати волидонашон ҷарима муайян карда шуд, ки дар нисбат ба соли 2023, 97 ҳолат зиёд мебршад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»