Имрўз зимни нишасти матбуотии ноҳияи Исмоилии Сомонии шаҳри Душанбе, хабар дода шуд, ки давоми соли 2024, 10 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар онҳо беш аз 165 ташкилоту муассисаҳо ба шахсони бекор 2050 ҷойҳои холии кориро пешниҳод кардаанд.
Дар он 139 нафар корҷӯён ба худ кори муносиб пайдо намуда, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон раиси ноҳияи мазкур Қодирзода Руслан гуфт, ки музди миёнаи меҳнати меҳнаткашони ноҳия дар ин давра 3489,62 сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 353,14 сомонӣ зиёд буда, 4220 нафар шаҳрванди бекор барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуда, 2752 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.
Соли 2024 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 2150 адад сабти таваллуд ба қайд гирифта шуда, сабти бекор кардани ақди никоҳ 182 ададро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 93 адад кам мебошад.
Гулрӯ Ниёззода,
радиои «Тоҷикистон»