Имкониятҳои сайёҳии кишвар дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Pakistan Travel Mart 2025», ки аз 31 январ то 2 феврали соли 2025 дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегардад, муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати кишвар бо роҳбарии Раиси Кумита Ҷумъахонзода Ҷамшед, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони агрегатори ширкатҳои сайёҳӣ ТУР ТҶ ва Сомон Эйр бо пешниҳоди ғурфаи алоҳида сайёҳӣ оид ба зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, пешкаши иштирокдорон гардид.
Инчунин, бо мақсади муаррифии фарҳанг ва таомҳои миллӣ намоиши рақсу сурудҳои тоҷикӣ ва оши палав пешниҳоди иштирокчиёни гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати бозҳам муаррифӣ, зиёд намудани шумораи сайёҳон ва ташкили вохӯрӣ бо ширкатҳои покистонӣ бо бахши хусусии ватанӣ мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон сурат гирифт.
дар чорабинии мазкур зиёда аз 45 кишвари ҷаҳон ва 250 ҳазор нафар иштирок доранд.