То таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди мамлакат 4 кинотеатри нав бунёд карда мешавад. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД «Тоҷикфилм» хабар дода гуфт, ки кинотеатрҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷалби соҳибкорону сарпарастон дар асоси шартномаи се ҷониба сохта мешаванд. Аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Душанбе ду кинотеатр — «Ситора» ва «Орлёнок», дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри «Ҳилолӣ» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри «Баҳор» тибқи талаботи замон ва муҷаҳҳаз бо технологияи кинонамоишдиҳии муосир ба истифода дода мешаванд.
Соли 2024 дар МД «Тоҷикфилм» 6 маротиба пичинг — рунамоии лоиҳаи филмҳо гузаронида шуда, дар доираи онҳо 70 филми гуногунжанр пешниҳод гардидааст. Ба гуфтаи Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД «Тоҷикфилм» аз 70 лоиҳаи пешниҳодгардида дар соли гузашта 17 филми гуногунжанр ба навор гирифта шуданд.
Дар робита ба таҳияи филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД «Тоҷикфилм» гуфт, ки аллакай 70 фоизи корҳои пеш аз банаворгирӣ анҷом шуда, қарор аст, ки банаворгирии филм дар давраи таҷлили ҷшни Наврӯз шурӯъ гардад ва дар оғози соли 2026 ба намоиш гузошта шавад. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки филм дар қалъаи Хуҷанди шаҳри Хуҷанд, қалъаи Балҷувон, қалъаи Ҳисор ва дигар мавзеъҳои таърихии кишвар наворбардорӣ мешавад.
МД «Тоҷикфилм» соли 2025 нақша дорад, ки дар бораи корнамоиҳои мардуми кишварамон дар НБО Роғун филмеро бо номи «Неъруи ишқ» ба навор гирад. Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД «Тоҷикфилм» гуфт, ки ин филм на танҳо ишқи ду ҷавон, балки тарзи кор дар неъругоҳ ва рӯзу рӯзгори аҳолии ин минтақаро инъикос мекунад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки МД «Тоҷикфилм» ният дорад, ки дар бораи устод Садриддин Айнӣ, Ҳофизи Шерозӣ, «Шоҳнома» — и А. Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон» — и аллома Бобоҷон Ғафуров филмҳои мустанад ба навор гирад.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки МД «Тоҷикфилм» бо 15 кишвар ва 40 ширкатҳои филмбардорӣ қарордодҳои ҳамкорӣ дар соҳаи синаморо ба имзо расонида, ҳамкорӣ менамояд. Дар доираи ин ҳамкориҳо соли 2024 се филми ҳунарии муштарак аз қабили «ВАО-и нави Россия» МД «Тоҷикфилм» дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Триикс Медиа», «Моҳӣ дар шаст» Тоҷикистон, Эрон, Россия ва «Харгӯши сиёҳ-харгӯши сафед» аз ҷониби МД «Тоҷикфилм» ва ширкати синамоии «Корномаи Дубай» ба навор гирифта шуданд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»