Имрӯз дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи муассисаи мазкур дар соли 2024 нишасти хабарӣ баргузор гардид. Зимни нишаст директори Марказ — Сабзалӣ Ҷаъфарзода иброз дошт, ки имсол давраи аввали бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок ба ИМД (имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ) аз санаи 1-уми март оғоз гардида, то 30-юми апрел идома мекунад.
Ба иттилои манбаъ бақайдгирии довталабон аз давраи асосӣ ва давраҳои иловагӣ иборат буда, давраҳои иловагӣ дар моҳҳои июн, сентябр ва аз 29-уми октябр то 7-уми декабр гузаронида мешавад.
Дар давраи аввали ИМД, дар соли 2024, довталабон аз 59 шаҳру ноҳияи кишвар худро ба қайд гирифтаанд. Арзиши хизматрасонӣ бошад бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардид.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода ҳамчунин қайд намуд, ки соли 2024, 89 ҳазору 124 нафар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳама даврҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд,
Рустам Зоирзода,
радиои «Тоҷикистон»