Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои соҳибкасби коргарӣ омода карда мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.
Дар соли таҳсилии 2024 — 2025 ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 453 нафар хонанда қабул карда карда шудааст, ки сад дар сади нақшаи қабулро ташкил медиҳад — иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ. Ҳамзамон қайд кард, ки дар соли 2024 ,2025 дар муассисаҳои таълимии таҳсилотии ибтидоии касбии кишвар 23 ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Cурайёи Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»