Соли гузашта дар ҳаҷми 3 миллиону 375 ҳазору 300 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт шудааст

Бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу амволи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 63 филиал ва 6 намояндагии Корхона хизматрасониро аз рӯйи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуд суғуртаҳои ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаҳои ихтиёрӣ ба роҳ мондаанд. Ин матлабро имрӯз 3 феврали соли 2025 роҳбарияти КВД- ии «Тоҷиксуғурта» ба намояндагони ВАО- и кишвар иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки Корхона дар соли 2024 ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида дар ҳаҷми 3 миллиону 375 ҳазору 300 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд, ки аз ин 81 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 3 мил. 295 ҳазор сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост омада, нисбат ба 278 ҳазор сомонӣ ё 9% бештар мебошад.

Инчунин тавзеҳ дода шуд, ки дар ин давра ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар фаъолияти Корхона ва фароҳам овардани шароити мусоид барои суғурташавандагон ҷиҳати ғайринақдӣ амалӣ намудани пардохти маблағҳои ҳаққи суғуртавии намудҳои ихтиёрӣ, Корхона бо ҶСК » Бонки Эсхата» шартномаи ҳамкориро дар самти тавассути замимаи «Эсхата онлайн» ворид намудани маблағи хизматрасониҳо ба расмият дароварда, барои истифодаи хизматрасонии дигар бонкҳо QR-рамзи ягонаи Корхона аз филиалҳои маҳаллӣ ба истифода дода шудааст.

Олуфта Шарипова,

радиои «Тоҷикистон»