Кумитаи меъморӣ: Озмоишгоҳи махсусгардонидашуда ба истифода дода шуд

Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ азхудкунии  сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 22 миллиарду 543 млн. сомониро ташкил дода, сохтмони мактабҳо 1,9 баробар, дармонгоҳ 3,1 баробар ва муассисаҳои томактабӣ 2,2 баробар зиёд шудааст, — гуфт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода  зимни нишасти матбуотӣ.  

Низом Мирзозода зикр кард, ки барои таҷлили 35 солагии Истиклоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ 29026 иншоот ба накша гирифта шуда, айни замон сохтмони  18800 иншоот ба анҷом расидааст.

Барои санҷиши сифати иншооти сохташаванда аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи сохтмон дар соли 2024-ум дар 1325 иншоот корҳои назоратӣ гузаронида, 9474 камбудӣ ошкор кард шуда, ба маблағи 1млн. 653 ҳазор 156 сомонӣ  ҷарима ситонида шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 2622 иҷозатнома ба ширкатҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дода шудааст, ки аз инҳо 125 тояш ширкати хориҷӣ мебошад.

Дар соли 2024 1 миллиону 739,6 метри мураббаъ хонаҳои истикоматӣ ба истифода дода шудаанд ва дар мавриди нархи хонаҳои истиқоматӣ раиси Кумита кайд намуд,  ки дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна нархи 1метри мураббаъ 705 доллари амрикоӣ ва дар шаҳри Душанбе он 780 долларро ташкил медиҳад. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии бинои сохташаванда нархи он низ фарқ дошта, агар дар ноҳияи Фирдавсӣ 1м3 аз 550 то 650 бошад, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳисоби миёна 850 долларро ташкил медихад. 

Нархи  биноҳои истиқоматӣ дар Узбекистон – 775 доллари ИМА, Озарбойҷон 1141 дол. ИМА, Кирғизистон — 635 дол. ИМА, Белоруссия-1541 ва Федератсияи Россия 4042 доллари ИМА–ро ташкил медиҳанд, — илова намуд раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода  зимни нишасти матбуотӣ.  

Шоистаи АҲМАД

радиои “Тоҷикистон”