Соли 2024 839 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар содир гардидааст, ки нисбат ба соли 2023 140 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин бора Самад Зафар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ дар соли 2024, 116 ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони Агентӣ ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 — 2 адад зиёд мебошад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти 32 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 83 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 4014 нафар беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки 110 нафарашон зан мебошад. Қайд гардид, ки ин шумора дар соли 2023, 4160 нафар буд ва дар соли 2024, 146 адад кам гардидааст.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои «Тоҷикистон»