Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир, мусобиқаи бонуфузи Гранд Слам Душанбе 2025 расман баргузор мегардад.
Барои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мояи ифтихор аст, ки Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бори дигар ба кишвари мо чунин масъулияти бузургро бовар мекунад. Ин нишондиҳандаи эътимод ба сатҳи баланди ташкилотӣ ва рушди ҷудо дар Тоҷикистон мебошад.
Гранд Слам Душанбе на танҳо як мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, балки як имконияти нодир барои тарғиби варзиши ҷудо дар минтақа ва баланд бардоштани обрӯи варзиши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд.