Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов бар рақиби австралиягиаш пирӯз омад

Варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи UFC Fight Night 250 размикори австралиягӣ, Каан Офлиро шикаст дод.

Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов бо 11 ғалаба вориди ҳашткунҷа шуда, 12-умин ғалабаи худро таъмин кард. Рақиби Наимов Каан Офли низ 11 ғалаба ва 3 бохт дошт, ки анкун шумораи мағлубиятҳояш ба 4 расид.

Рақобат дар вазни сабук доир шуд.

Муҳаммад Наимови 30-сола дар овони ҷавониаш дар мусобиқаҳои таэквондо сатҳи шоиста нишон додааст. Вай аввалин задухӯрди худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 анҷом дода, аз он замон то кунун 15 маротиба ба октагон ворид шудааст.

Каан Офлии 31 сола зодаи Австралия буда, дар муҳорибаи омехта бори аввал соли 2014 вориди октагон шуда буд. Ӯ дар маҷмӯъ 15 набард дорад.