Баргузории мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзуи “СҲШ: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи нашъаовар”

29 январи соли 2025 бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзуи “СҲШ: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи нашъаовар” баргузор гардидааст.

Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки зимни чорабинӣ гузориши ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода роҷеъ ба раванди татбиқи Қарори Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ аз 4 июли 2024 дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе шунида шуд.

Дар рафти мизи мудаввар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин чораҳои муштараки зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Мирзошариф Ҷалолов, директори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад,  ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Сафарзода Даврон, муовини дабири кулли СҲШ Сохайл Хан, раиси Шурои машваратии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Рашид Олимов, сафири иродаи неки СҲШ, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров, сафирони давлатхои узви СҲШ дар Точикистон ва намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок карданд.