ТЕЛЕВИЗИОНИ «БАДАХШОН» БА ПАХШИ БАРНОМАҲОИ ФОРМАТИ ДАҚИҚИЯТАШ БАЛАНДИ HD ГУЗАШТ

29-уми январ бо иштироки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода,  Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва кормандони шабака телевизиони «Бадахшон» ба формати дақиқияташ баланди HD гузашт, ки он боз як қадами устувор дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати барномаҳо  арзёбӣ мегардад.

Ҳамин тавр, аз ин пас тамоми иттилоъ ва барномаҳо аз ин шабака дар формати HD таҳия ва пешкаши бинандагон мегарданд. Ин тадбир бо мақсади такмили технология ва мутобиқ сохтани сифати садову симои пахши барномаҳои телевизиони–«Бадахшон» аз формати стандартӣ ба HD андешида шудааст.

Зимни маросими гузариши телевизиони “Бадахшон” ба ин формат таъкид гардид, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВАО аст, ки дар ин самт ҳамасола қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Гузариш аз шакли стандартӣ ба дақиқияташ баланд бо зер кардани тугмаи пахши барномаҳо  аз ҷониби раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир Озод ва Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ анҷом дода шуд.

Ин иқдоми неку созанда дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амалӣ карда шуд. Дастгоҳу таҷҳизот барои гузариш ба сифати муосир ва стандарти замонавӣ — HD аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас карда шудаанд.

Гузариш ба шакли HD имконият медиҳад, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо аз тариқи телевизиони «Бадахшон» бо сатҳу сифати баланди садову симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон карда шаванд.

Қадами нахустини устувор дар Телевизиони «Бадахшон» ҳанӯз соли 2018 баъди мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли зиё  гузошта шуда буд ва то ин дам пахши барномаҳо пурра рақамӣ ва ба моҳвора пайваст карда шуданд.  Гузаштан ба шакли HD дастоварди навбатӣ дар телевизиони «Бадахшон» арзёбӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои истиқлолият дар соҳаи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста, баззами модииву техникии Идора ба куллӣ беҳтар гардид. Бо дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гузариш ба низоми дақиқияташ баланди HD  иловатан ба  Идораи телевизион ва радиои Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду танзимгоҳи замонавӣ, ду камераи 4К ва таҷҳизоти муосири банду баст ва равшанидиҳанда  дастрас карда шуд.

Телевизиони «Бадахшон» дар таҳия ва пахши барномаҳои гуногунжанр, инчунин пешниҳоди ахбор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ минбаъд  роҳу воситаҳои навро истифода намуда, дар тарғиби  сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат  аз имокниятҳои нав мақсаднок истифода менамояд.