Дар соли 2025 3 хатсайри маҳаллӣ дар Тоҷикистон бароҳ монда мешавад, аз ҷумла парвозҳо дар хатсайри Душанбе- Ванҷ -Душанбе, Душанбе -Рашт- Душанбе, Душанбе- Лахш — Душанбе. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди ҲҶТ Назарзода Ҳабибулло иттилоъ дод.
Ба иттилои масъулини ин ниҳод, парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ амалӣ гардида, дар соли 2024, шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда 4806 ададро ташкил медиҳад, ки онҳо хатсайрҳои мунтазам буда, хатсайрҳои чартерӣ вуҷуд надорад ва хатсайрҳои нисбат ба соли гузашта 442 ё 47,62 % кам мебошад.
Аз моҳи феврали соли 20295 ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ба нақша гирифтааст, ки 6 ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймои Боинг шартнома ҷиҳати харидорӣ намудани ду адад ҳавопаймои тамғаи навъи Боинг 737/МАХ-ро ба имзо расонида, ҳавопаймоҳои мазкурро дар семоҳаи аввали соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, ҷуғрофияи парвозҳоро зиёд менамояд.
Гулрӯ Ниёззода,
радиои «Тоҷикистон»