Русия, Эрон ва Қазоқистон рақибони мунтахаби наврасони 17-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2025»

Футболбозони 17-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2025» иштирок мекунанд. Ин навбат наврасони тоҷик бо рақибони қавӣ, ба мисли Русия, Эрон ва Қазоқистон рӯ ба рӯ мешаванд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) пас аз бозиҳои санҷишӣ дар Анталия Туркия, ин навбат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2025» ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ин мусобиқа, ки аз 16-ум то 21-ум феврал дар шаҳри Мински Белорус баргузор мешавад, ҳашт дар дар ду гурӯҳ иштирок мекунанд. Шогирдони Марко Раҷинӣ, футболбозони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» қарор гирифта, рақибонаш дастаҳои Русия (16 феврал), Эрон (17 феврал) ва Қазоқистон (19 феврал) гардиданд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои наврасони Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва тими Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия нерӯсанҷӣ мекунанд.

Тибқи низомномаи мусобиқот дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имсол дар Ҷоми Осиё, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Рақибони тими мо дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.

Рустам Зоирзода

«Радиои Тоҷикистон»

Акс аз саҳифаи расмии ФФТ