Баргузории чорабиниҳо ва гузоштани арчаи солинавӣ дар Душанбе манъ шуд. Чаро?

Бино ба иттилои сомонаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  имсол дар шаҳри Душанбе- пойтахти кишвар баргузории ҳама гуна чорабиниҳо  ба муносибати  соли нави милодӣ ва гузоштани арчаи солинавӣ манъ карда шудааст. 

Дар хабари Ҳукумати шаҳри Душанбе омадааст, ки “вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳон бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории мазкур ва эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки танҳо дар ҳамин сол гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ карда шавад”.

Ҳамчунин “Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *