Мусодираи 271 навъи маҳсулоти ғизоӣ дар ВМКБ

Кормандони   Раёсати   стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозироти   савдои   Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон   бо  мақсади   ҳимоя  намудани  ҳуқуи истеъмолгарон ва таъмини бозорҳои  қаламрави  вилоят  бо маҳсулоти хушсифат ҳамарӯза миёни фурӯшандагон      корҳои  фаҳмондадиҳӣ ва    санҷишҳои  назоратиро  ба роҳ  мемонанд.

Давоми   моҳи  ноябри соли  равон   нозирони  минтиқавии   Раёсат аз бозору  мағозаҳои  вилоят   миқдори   зиёди  маҳсулоти    хӯроквории  пастсифат  ва  муҳлати  истеъмолашон   гузашта аз ҷумла равған, ҳасиб,  маҳсулоти қаннодӣ,  хӯрокҳои кӯдакона ва  машруботи  спиртиро аз савдо боз монданд.

Ҷамила   Маликова, мудири   озмоишгоҳи  маҳсулоти   хӯрока  ва  кишоварзии  ӣраёсати   стандарти давлатӣ  дар  ВМКБ

Мудири   озмоишгоҳи  маҳсулоти   хӯрока  ва  кишоварзии  ӣраёсати   стандарти давлатӣ  дар  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ҷамила   Маликова  ба хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Сафармои Маҳмадфозил гуфт, ки“ Мутаасифона баъзан соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти пастсифату ғайристандартиро дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳо пешкаши истеъмолкунандагон гардонида, бо ин амал табъи мизоҷонро хира мегардонанд. Бо мақсади пешгирии ин гунна  амалҳои номатлуб мутахассисони Раёсати   стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозироти   савдои   Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар бозору нуқтаҳои савдо тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аз ҷумла дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ кормандони раёсат дар ноҳияи Роштқаъла рейди муштарак гузарониданд, ки танҳо аз як нуқтаи савдо 265  литр оби ҷав, ки муҳлаташ кайҳо гузаштааст, мусодира карда, нисбати соҳиби нуқтаи савдо, ки талаботи моддаҳои 7, 8 ва 9 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва моддаи 11 – и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯроквориро” вайрон намудааст чораҳои қонунӣ андешиданд”.

Ҳамасола   миқдори  зиёди    маҳсулоти  пастсифати   хӯрокворӣ  ва   машруботи   спиртӣ  ба  хотири  аз  байн  бурдани      фурӯш  ва пешгирии  беморшавии   сокинон  нобуд карда мешавад. Мутаасифона то ба ҳол воридкунии   маҳсулоти  ғайристандартӣ   аз  ҷониби баъзе   сохибкорони  мустақил дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  мушоҳида карда мешавад. Дар ин хусус, мудири озмоишгоҳи  маҳсулоти   хӯрока  ва  кишоварзии  раёсати   стандарти давлатӣ  дар  ВМКБ Ҷамила   Маликова  чунин гуфт: “Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба озмоишгоҳи раёсати мазкур 776 номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ оварда шуд, ки баъди ташхиси мутахассисон 271 навъи маҳсулоти ғизоӣ, ғайристандартӣ дониста шуд”.

Ба таъкиди мудири   озмоишгоҳи  маҳсулоти   хӯрока  ва  кишоварзии  раёсати   стандарти давлатӣ  дар  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ҷамила   Маликова, кормандони ин ниҳоди давлатӣ маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлаташон гузаштаро дар  макони махсус   нобуд месозанд. Ҳамзамон кормандони ин раёсат таъкид менамоянд, ки ҳар  як  шаҳрванд  бояд  ҳангоми  харидории маҳсулот   ба  саннаи истеҳсол ва мӯҳлати истифодабарии он аҳамият дода   саломатии  худ ва дигаронро зери   хатар  нагузоранд.

 

 

 

Нуралӣ Давлат,  Сафармои Маҳмадфозил

 радиои  “Тоҷикистон”

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *