Чанд чароғаки роҳнамо, ки ҳаракати мошину пиёдагардонро аз кўчаи Р. Набиеви шаҳри Душанбе то маҳаллаи Чортути ноҳияи Рўдакӣ ва баръакси онро танзим мекунад, айни замон фаъол нестанд. Чанде аз иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегўянд, роҳи мазкур навсозӣ шудааст, ки ба ин далел бархе ронандагон суръати ҳаракати мошинро зиёд мекунанд.
Амриддин, як тан сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Радиои Тоҷикистон гуфт, ки агарчӣ дар ин роҳ гузаргоҳҳо барои пиёдагардон пешбинӣ шудааст, вале фаъол набудани чароғҳои роҳнамо ба ҳаракати бехатари онҳо монеа эҷод кардааст.
Мусоҳиби дигари мо низ аз ин минтақа бо айни ҳамин иддао иброз дошт, ки борҳо шоҳиди ба мушкил убур намудани роҳ аз ҷониби одамон, хусусан мактаббачагон шудааст. Ў мегўяд, боиси нигаронӣ ин аст, ки бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта, масъулин ба ин масъала бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд.
Дар гузашта дар робита ба набудан ё рабуда шудани аломатҳои танзимкунандаи ҳаркат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар расонаҳои хабарӣ гузоришҳо пахш гардида буд, аммо насб гардидану фаъол набудани чароғҳои раҳнамо дар кўчаи Р. Набиев суолҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Мушоҳидаи мо дар ин мавзеъ нишон дод, ки чор чароғаки роҳнамо фаъол нестанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамарўза кормандони РБДА ва вазорати нақлиёти кишвар дар ин роҳ рафтуомад мекунанд. Ин ба он маънист, ки дар ин минтақаҳо танзими ҳаракати мошинҳо ба ихтиёри худи ронандагон аст, яъне, макони таваккал ва эҳтимоли садама.
Дар робита ба мушкилии ҷойдошта муроҷиати пай дар пайи мо ба РБДА ва шуъбаи РБДА дар шаҳри Душанбе натиҷа надод. Яъне ниҳоде, ки дар таъмини бехатарии пиёдагардон ва ронандагон бояд нақши муассир дошта бошад, аз шарҳу тавзеҳи сабабҳои фаъол набудани чароғҳои роҳнамо худдорӣ карда, масъулияти суҳбат дар ин мавзўъро аз як нафар ба нафари дигар ҳавола мекунанд. Худдории намояндагони РБДА дар ҳолест, ки тибқи иттилои ҳамин ниҳод беш аз 60 дарсади садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба зери чархи мошин мондани пиёдагардон рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, коршиноси соҳа Фирўз Ғаффуров ба Радиои Тоҷикистон иброз дошт, ки: “Тайи солҳои охир низоми худкори идоракунӣ аз қабили чароғакҳои рақамӣ ба бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат кардааст. Вале номукаммалӣ дар фаъолияти кории бархеи онҳо дар роҳҳои кишвар дида мешавад, ки ин ҳолат метавонад боиси ҳодисаҳои нохуш гардад. Масалан дар баъзе аз чароғҳои ишоравии ҳаркат дар роҳ дида мешавад, ки ранги сурх дар ҳол ба ранги сабз иваз мешавад. Ин дар ҳолест, ки қабл аз иваз шудани ранги сабз ба сурх ва баръакс бояд се маротиба чароғи ишоравии ранги зард чашмак зада баъдан чароғаки ишоравии ҳаракат дар роҳ тағйир ёбад. Чунин номукаммалӣ метавонад сабаби садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва ба вуҷуд овардани тамбашавии нақлиёти автомобилӣ гардад. Хуб мешуд гуруҳи корие таъсис дода шуда, аз рўйи фаъолияти чароғҳои ишоравии ҳаракат дар роҳ назорат мебурданд”.
Тибқи иттилои расмӣ давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди кишвар 652 ҳодисаи нақлиётӣ ба амал омада, бар асари онҳо 235 нафар ҳалок ва 775 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Коршиносон мегўянд, агар яке аз омилҳои ба амал омадани садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ вобаста бошад, паҳлўи дигари ин масъала ба аломату ҳолати роҳҳо низ марбут аст. Набудани равшанӣ ва аломатҳои танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ метавонд сабаби зиёд шудани садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва ба ин тартиб маргу ҷароҳатбардории одамон гардад.
Дӯстмурод Файзализода
радиои «Тоҷикистон»