Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз намуд.
Дар ҳамоиш, ки дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад, сарвазирони кишварҳои узви созмон, инчунин намояндагони давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ иштирок доранд.
Дар ҷараёни ин ҷаласаи сатҳи баланд масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва таҳкими робитаҳо дар доираи созмон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
