Рӯзи дуюм аст, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мешавад. Дар ин давр 700 довталаб аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз рӯйи 8 номинатсия иштирок карда, донишу маҳорати худро месанҷанд.
Даври ниҳоии озмуни мазкур то 28 октябри соли равон идома ёфта, ғолибони он бо дипломҳо, ҷомҳои ифтихорӣ ва мукофотҳои калони пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
