“Ҷумҳурият”: Тоҷикистон дар ояндаи наздик кишвари транзитӣ мешавад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 22 январ мақолае бо номи “Паём. Ҳадафҳо ҷомаи амал мепӯшанд” чоп карда, масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро бо такя ба муҳтавои Паёми солонаи раҳбари давлат баррасӣ кардааст.  

Муаллиф менависад, вақте ки Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба даст овард, аз нигоҳи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва стратегӣ дар тангнои иртиботии амиқе қарор дошт. Ҳатто, роҳҳои асосие, ки ҷумҳуриро ба ҳам ва кишварҳои дигар мепайвастанд, аз кишвари ҳамсоя мегузаштанд. Аз ин лиҳоз, як сиёсати бунёдӣ ва саривақтии ҳукумати ҷумҳурӣ ин буд, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун ояд. 

Дар ин замина таъкд мешавад, ки давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ корҳои ҳангуфте дар ин росто ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, шоҳроҳҳои Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ва Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, нақбҳои зиёде мавриди истифода қарор гирифтанд. Роҳе, ки аз Кулма убур мекунад, аз як тараф, Тоҷикистонро бо Чин ва, аз дигар сӯ, аз тариқи шоҳроҳи Қароқурум ба Кашмири Покистон мепайвандад.

Ба хулосаи муаллиф, имрӯз Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, акнун дар ин росто марҳалаи дигари рушд – ба кишвари транзитӣ табдил додани он мебошад. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба чорроҳаи байналмилалии Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимол мубаддал мегардад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 23 январ матлабе бо номи “Мораторий. Иқдоме, ки самараи пурмаҳсул дорад” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки дар баробари имтиёзҳое, ки соҳибкорон аз онҳо бархӯрдоранд, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтару мусоид дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Бори панҷум эълон намудани як иқдоми муҳиму саривақтӣ – мораторий гувоҳи ин гуфтаҳост, таъкид мекунад муаллиф.

Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, доир ба ин масъала изҳор дошт, ки ин амал, пеш аз ҳама, барои пешрафти бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармоя, фароҳам овардани шароит ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва, дар ин замина, рушди иқтисоди миллӣ саривақтӣ аст.

Номбурда афзуд, ки бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ соли 2009 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул гардида, бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми «Равзанаи ягона» ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа шумораи сохторҳои бақайдгиранда аз 4 ба 1 адад ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам гардид.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 22 январ хабар медиҳад, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 40 иншооти варзишӣ бунёд шудааст.

Тибқи иттилои Рамазон Насриддинзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, маблағи умумии иншооти бунёдгардида 54 миллиону 729 ҳазор сомониро дар бар мегиранд. Иншооти бунёдгашта аз 29 майдончаи варзишӣ, 8 толор, 2 ҳавзи шиноварӣ ва як майдони футбол барои 2 ҳазор ҷойи нишаст иборат мебошад.

Нашрия меафзояд, ки дар баробари ин, варзишгоҳи марказии шаҳри Норак низ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва харҷи 37 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гаштааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 22 январ бо нашри матлабе хабар медиҳад, ки рӯзи 16  январ марҳилаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба анҷом расид. Аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи қарибулвуқуъи парлумонӣ танҳо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ширкат намекунад.

Нашрия бо такя ба Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар хабар медиҳанд, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзадии 13 нафар аз Ҳизби аграрӣ (ҲАТ), 13 нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ), 4 нафар аз Ҳизби демократ (ҲДТ), 6 нафар аз Ҳизби сотсиалистӣ (ҲСТ), 6 нафар аз Ҳизби коммунистӣ (ҲКТ) ва 28 нафар аз Ҳизби халқии демократӣ (ҲХДТ) тасдиқ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. Номзадҳо аз 6 ҳизби сиёсӣ барои 63 курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин матлабе бо номи “Ду таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ” мунташир кардааст. Муаллифи матлаб Бахтиёр Ҳамдамов, коршиноси масоили сиёсӣ менависад, ки хатари аввал барои минтақа тарҳи  ба ном “Турони бузург” маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи муаллиф, ин тарҳ асосан барои ноором кардани вазъи кишварҳои ҳавзаи Осиёи Миёна ва ба чолиш кашидани кишварҳое мисли Русия, Чин ва Эрон роҳандозӣ шудааст ва дер ё зуд ҳатман аксуламалеро пиёда хоҳад кард.

Муаллиф дар идома хатари дуввум барои минтақаро “Курраи Толибон” ном гузошта, мегӯяд, омилони ин тарҳ, ки ба Толибон низ таъсиргузоранд, инак марҳилаи дувуми ин низоъро, ки метавонад кишварҳои Осиёи Марказиро ба коми худ кашад, тарҳрезӣ мекунанд.

Муаллиф таъкид мекунад, ки имкон дорад баъдтар тарҳи бозофарии “Хуросони Бузург” низ ба кор гирифта шавад, ки орзуи созмони террористии Давлати Исломии Хуросон (қаноти ДОИШ) аст ва агар пеши он гирифта нашавад, эҳтимол дорад фитнаи бузургтареро дар минтақа замина гузорад. Ба хулосаи муаллиф хуб мешуд, ки марказҳои тадқиқотӣ, коршиносон ва сиёсатшиносони кишварҳои Осиёи Миёна ба таври холисона ба ин масъала таваҷҷуҳ намоянд ва аз пешомади як хатари бузург ҳукуматҳои худро ҳушдор диҳанд, то дар оянда ба майдони ҷангҳои ниёбатӣ кашида нашаванд…

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 23 январ матлабе нашр карда, мушкилоти ҳалталаби пойтахти Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, интизор аст, ки дар соли 2025 барои ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ, танбашавии нақлиёт ва бозсозии шабакаи обрасонӣ дар пойтахти кишвар тарҳҳои нав амалӣ шавад.

Ба навиштаи муаллиф, айни замон бисёр кӯчаҳои Душанбе ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд, зеро тангии онҳо ба ҳаракати озоди нақлиёт халал мерасонад. Гутфа мешавад, ки тибқи нақша то охири соли 2025 дар шаҳри Душанбе наздики 550 километр роҳ ва 230 километр роҳҳои пиёдагард бозсозӣ ва барои коҳиш додани сарбории шоҳроҳҳои асосӣ гузаргоҳҳо бунёд хоҳанд шуд.

Дар идома гуфта мешавад, ки дар соли 2025 ҷиҳати беҳтар кардани таъмини нерӯи барқ ​​дар шаҳри Душанбе як қатор тадбирҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин иқдомот таҷдиди зерсохтҳои барқӣ, аз ҷумла навсозии 34 зеристгоҳи барқӣ пешбинӣ шудааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”