Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мутобиқи бандҳои 8 ва 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи Раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол гардид.

Тибқи тартиби муқарраргардида, мутобиқи моддаҳои 18 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Чиллазода Қарахон ва ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ирсол гардиданд.

ВОҲИДЗОДА Ҳабибуло Сайдулло

аз 27 январи соли 2024 дар вазифаи муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд соли 1965 Ҷои таваллуд ноҳияи Фархор

Миллат тоҷик Маълумот олӣ

соли 1988 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос ҳуқуқшинос

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ англисӣ

Рутбаи дараҷавӣ соли 2024 генерал-лейтенанти адлия

Вакили халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

 Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1988Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
06-07 соли 1988Коромӯз дар вазифаи прокурори шӯъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа
Солҳои 1988-1989Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа
01-09 соли 1989Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул
Солҳои 1989-1993Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул
Солҳои 1993-1994Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон
Солҳои 1994-1996Сардори шӯъбаи назорати иҷроиши қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон
Солҳои 1996-1998Прокурори ноҳияи Фархор
Солҳои 1998-2002Прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе
Солҳои 2002-2006Прокурори шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2011Сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2015Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2020Прокурори вилояти Суғд
Солҳои 2020-2024Директори Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз январи соли 2024 то имрӯзМуовини Прокурори генералӣ- Сарпрокурори ҳарбии ҶТ

АБДУЛЛОЗОДА ЗЕБОНИСО ФАЙЗУЛЛО

Аз 23 феврали соли 2024 дар вазифаи муовини аввали раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 22 декабри соли 1972 Ҷои таваллуд ноҳияи Кушониён

Миллат тоҷик Маълумот олӣ

Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Соли 1996 Техникуми маъданҷӯӣ ва заминшиносӣ

Соли 2001 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос биолог, ҳисоби бухгалтерӣ, ҳуқуқшинос

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не не

Дараҷаи тахассусӣ дуюм, соли 2014

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – надорад

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1992-1994Котибаи дараҷаи дуюми Раёсати рушди иҷтимоии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 1994-1995Нозири назорати шӯъбаи маъмурӣ- хочагидории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 1995 (02-10)Мутахассиси дараҷаи якуми Идораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои берун аз мактабию то мактабии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 1995-1998Мутахассиси дараҷаи якуми Раёсати муҳосибӣ ва ҳисоботии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 1998 (09-10)Сармутахассиси Идораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои берун аз мактабию томактабии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 1998-1999Сармутахассиси шӯъбаи пешакӣ тайёр намудани парвандаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 1999-2005Сармутахассиси шӯъбаи ҳуқуқи байналхалқии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 2005-2010Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Солхои 2010- 2011Муовини Раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2015Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2017-2024Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 
Аз 23 феврали соли 2024 то ҳолмуовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ

КАРИМЗОДА ҶАМШЕД АБДУРАҲМОН

аз 30 январи соли 2024 дар вазифаи Муовини Раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд 25 маи соли 1970 Ҷои таваллуд ноҳияи Темурмалик

Миллат тоҷик Маълумот олӣ

соли 1994 Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкент,

соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос муҳандиси алоқаи барқӣ, иқтисодчӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, узбекӣ ва англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1986-1988Коргари хоҷагии давлатии «50- солагии Тоҷикистон», ноҳияи Темурмалик
Солҳои 1988-1990Хизмат дар сафи Қувваҳи Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Братск
Солҳои 1990-1994Донишҷӯи Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкент
Солҳои 1994-1995Мутахассиси шӯъбаи молия, ноҳияи Темурмалик
Солҳои 1995-1996Мутахассиси дараҷаи I Раёсати назорати тафтишотии Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1997-1998Назоратчӣ — тафтишотчии калони Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1999-2000Назоратчӣ – тафтишотчии Раёсати назорати тафтишотии идораи молия, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2000-2001Назоратчӣ — тафтишотчии калони Раёсати назорати тафтишотии Раёсати молияи вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2001-2006Мутахассиси пешбари Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
04 — 08 соли 2006Сармутахассиси кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд
Солҳои 2006-2007Сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
01 – 07 соли 2007Муваққатан бекор
Солҳои 2007-2008Сардори шӯъбаи Раёсати сиёсати буҷети дар соҳаҳои иқтисодиёти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2009Муовини директори Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик»
05 – 10 соли 2009Сардори Раёсати сангҳо ва металҳои қиматбаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2015Муовини Директори Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
03-05 соли 2015Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2024Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз январи соли 2024 то имрӯзМуовини Раиси вилояти Хатлон