Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шералӣ Мирзо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Шералӣ Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
23 январи соли 2025
№924

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди
генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Собирзода Э.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
23 январи соли 2025
№925

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Собирзода Э.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
23 январи соли 2025
№926

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди
генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода Б.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
23 январи соли 2025
№927