ТУРКИЯ: Сӯхтор дар меҳмонхона ва ҳалокати 76 нафар

Дар як меҳмонхонаи маркази лижаронии Карталкая воқеъ дар вилояти Болуи Туркия сӯхтор ба амал омад. Тавре шабакаи телевизионии “Анадолу” хабар медиҳад, сухтор тамоми биноро фаро гирифта, боиси ҳалокати 76 нафар гардид. Даҳо каси дигар маҷруҳ гардиданд.

Ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ эҳтимол аст, ки теъдоди ҳалокшудагон афзоиш ёбад, зеро вазъи саломатии маҷруҳон вазнин арзёбӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар дохили бино 234 нафар ҳузур доштанд. Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум нест. Вазири адлия Йилмаз Тунч гуфтааст, ки додситонӣ ба тафтишот ҳамроҳ шудааст.