Дар Швейтсария 55-умин Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Давоси Швейтсария Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ- 2025 оғоз гардида, то 24 январ идома меёбад. Форуми имсола «Ҳамкорӣ дар асри зеҳни сунъӣ» ном гирифта, масъалаҳои номуайянии геоиқтисодӣ, зеҳни сунъӣ, таҷдиди рушд, ҳифзи сайёра ва ғайраро дар бар мегиранд.

Интизор меравад, ки дар конфронс ҳудуди 3000 нафар аз беш аз 130 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд. Ҳудуди 350 раҳбари ҳукумат, аз ҷумла 60 сарони давлату ҳукуматҳо аз тамоми минтақаҳои муҳим низ дар осоишгоҳи кӯҳӣ ҳузур хоҳанд дошт.Конфронси бонуфуз дар Алпҳои Швейтсария ҳамасола тақрибан 3 ҳазор ширкаткунанда, аз ҷумла раҳбарони давлатҳо, ходимони ҷамъиятӣ, олимон ва соҳибкоронро ҷалб мекунад.