16.01.2025, шаҳри Душанбе
Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям.
Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд.
Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли гузаштаи мелодӣ дар муқоиса бо соли 2023 аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад.
Музокироту сӯҳбатҳои имрӯзаи мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду кишвар изҳори ризоият менамояд.
Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем.
Татбиқи тарҳҳои Неругоҳи “Сангтуда-2”, нақби “Истиқлол” ва чанде аз лоиҳаҳои дигари хурду миёна аз дастовардҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Эрон ҳастанд.
Ин дастовардҳо, бешубҳа, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат миёни ду кишвар ва ду миллат мусоидат мекунанд.
Итминон дорем, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.
Дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи мо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, дигар абзорҳои муштараки ҳамкорӣ, бахусус Шӯрои соҳибкорон ва Кумитаи муштараки сармоягузорӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Рӯзи гузашта дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар доир гардид.
Дар чорчӯби ин ҳамоиш ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як гувоҳи мавҷудияти имкониятҳои фарох барои ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои мо мебошад.
Дӯстони гиромӣ!
Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об бо имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст.
Ҳамзамон, дар ин санад ба масъалаи ширкати фаъоли бахши хусусӣ дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ аҳаммияти хосса дода шудааст.
Ба андешаи мо, яке аз ангезаҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин имкони пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ мутобиқ ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди “сабз” мебошад.
Вобаста ба ин зарфиятҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли энергияи “сабз” ба шумор мераванд, имконоти фаровонро пешниҳод мекунад.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Имрӯз ҳамагӣ панҷ дарсади ин зарфият мавриди истифода қарор гирифтааст ва 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад.
Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.
Тоҷикистон нақша дорад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли энергияро, тибқи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳитзистӣ, то ду баробар афзоиш диҳад.
Итминон дорем, ки иқтидори бузурги энергияи “сабз”-и Тоҷикистон дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон истифода шавад.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,
Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) интихоб намудем.
Кишварҳои ҳавасманд метавонанд дар бахшҳои гуногуни саноат ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Дар ин радиф, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва бофандагӣ, кимиё ва дорусозӣ, инчунин, истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд.
Бинобар ин, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда дар ин соҳаҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Дар баробари ин, бахши кишоварзии Тоҷикистон, бо назардошти иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об, яке аз самтҳои ояндадор ба шумор меравад.
Ҳамкорӣ дар самтҳои парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, панба (пахта) ва пиллаи абрешим, соҳаҳои боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ аз лиҳози иқтисодӣ судовар хоҳад буд.
Дар ин замина таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва марказҳои логистикӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Мо, инчунин, барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони эронӣ дар рушди бахшҳои молиявӣ ва бонкдорӣ манфиатдор ҳастем.
Соҳаи гардишгарӣ низ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Мо барои рушди инфрасохтори гардишгарӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ ҳавасмандем.
Ҷорӣ намудани низоми лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар дар муддати 30 рӯз заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ин соҳа фароҳам овардааст.
Дӯстони гиромӣ,
Дар баробари имконоту зарфиятҳои мавҷуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқиро муқаррар намудааст.
Ҳамчунин, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ шароити мусоид пешбинӣ гардидааст.
Ширкатҳои эронӣ метавонанд аз имконоти ин минтақаҳо бо ҳадафи рушди фаъолияташон дар Тоҷикистон истифода намоянд.
Дар Тоҷикистон имрӯз фазои муносиби иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо барои ҳамкориҳои созанда ва роҳандозии тарҳу барномаҳои нав даъват менамоям.
Ҳадафи умумии мо бояд таҳкими шарикии боэътимод ба хотири таъмини рифоҳу фардои шоистаи кишварҳо ва мардумонамон бошад, ки аз муштаракоти забонӣ ва таърихиву фарҳангӣ бархурдоранд.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар мусоидати муассир хоҳад кард.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи Шумо, меҳмонони арҷманд, муколамаи созанда ва иқомати бофароғатро дар Тоҷикистон орзу дорам.