Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 15-17 январ ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Дар ин бора Фирӯз Каримзода, хабарнигори Радиои Тоҷикистон аз Фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Зимни ин сафар меҳмони олимақом муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтиром меҳмони олиқадр — муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода гусел карданд.