Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва иқтидори бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Эронро таъкид карда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Муҳиммияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар тавсеаи робитаҳои дуҷониба таъкид карда шуд.
Мусоҳибон ҳамчунин ҷиҳати таҳкими равобиту ҳамкории доираи соҳибкорону тоҷирони ду давлат ва истифодаи имконияти сармоягузориҳои ҷониби Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон табодули афкор намуданд.