Чанд лаҳза пеш ҳавопаймои ҳомили Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фурӯд омад. Дар ин бора Фирӯз Каримзода, хабарнигори Радиои Тоҷикистон аз Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ашхоси расмӣ истиқбол гирифтанд
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар назар аст, ки ин сафар ду рӯз идома ёбад.
Тавре қаблан хабар дода будем, дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад. Дар доираи сафар баргузории Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.