Беш аз як ҳафта мешавад, ки сухтори ҷангазор дар шаҳри Лос-Анҷелеси штати Калифорнияи ИМА идома дорад. Тавре расонаҳои хабарии маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, ҳар лаҳза алангаи оташ доман паҳн карда, иншооти зиёди маишиву маъмуриро хароб мекунад. Ҳавои хушк, беборишӣ ва шамоли сахт хомӯш кардани сӯхторро дар ин минтақа мушкил кардааст.
Тибқи маълумоти охир, аз 7 январ то ҳол сухтор қариб 17 ҳазор гектар заминро фаро гирифтааст. Теъдоди ҳалокшудагон ба 24 нафар расидааст. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи сухтори ҷангалзор мавзеъҳои муҳими фарҳанги фароғатӣ ва таърихӣ сухта нобуд гардидааст. Алаккай сӯхтор яке аз осорхонаҳои машҳуртарини Калифорнияро низ фаро гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар 10 соли охир бар асари сӯхторҳои ҷангал дар штати Калифорнияи ИМА беш аз 50 ҳазор нафар ба халокат расидаанд, ки сабаби марги бештари онҳо дуди заҳрнок мебошад.