Шаби гузашта вохӯрии даври ниҳоии Суперҷоми Испания миёни дастаҳо “Реал Мадрид” ва “Барселона” дар варзишгоҳи “Шоҳ Абдулло”-и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир гардид. Дидор бо ғалабаи бузурги 5 бар 2 ба нафъи шогирдони Ҳан Дитерс Флик, бозигарони Барселона ба охир расид.
Ҳисоби дидор дар дақиқаи 5-ум аз ҷониби Килиан Мбаппе ҳамлагари мадридиҳо кушода шуд. Дар идома Лемин Ямал (22), Левандовски (36), Рафиня (ду маротиба 39, 48) ва Балде ( 45+10) аз ҳайати “Барса” 5 маротиба дарвозаи “Реал”-ро рахна карданд. Родри голи ниҳоиро дар дақиқаи 60-ум ба нишон расонид ва рақобат бо ҳамин ба охир расид.
Ёдовар бояд шуд, ки ин 15-умин Суперҷом барои дастаи “Барселона” аст ва ин рекорди мусобиқа маҳсуб мешавад. Ҳамчунин ин аввалин ҷоиза барои сармураббии “Нилунориҳо” Ҳан Дитерс Флик дар “Барселона” аст.
Рустам Зоиров,
радиои “Тоҷикистон”