1500 акси ҷолиби пойтахти Тоҷикистон дар харитаҳои бонуфузи рақамии GoogleMap, YandexMap ва OpenStreetMap ҷой карда шуд

Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ»-и назди Сарраёсати маорифи пойтахт дар робита ба ҷой кардани аксҳои ҷолиби шаҳри Душанбе дар харитаҳои рақамии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ маросими рӯнамоӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ масъулони шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ масъулони шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба имконияти сайёҳии пойтахт, муаррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ибрози назар намуданд.

Ҳадаф  аз ин иқдом ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, нишон додани иқтидори сайёҳӣ, муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва тарғиби табиати нотакрори мамлакат ба шумор меравад.


Ин иқдом на танҳо ба муаррифии шаҳри Душанбе, балки ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва тарғиби бештари Тоҷикистон, бахусус пойтахти он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни чорабинӣ зиёда аз 1500 акси ҷолибу диданӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ки чор фасли солро инъикос мекунанд, дар сомонаҳои интернетӣ ҷой дода шуд.

Сайёҳон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҳангоми ҷустуҷӯи шаҳри Душанбе дар харитаҳои рақамӣ, аз ҷумла дар GoogleMap, YandexMap ва OSM имкон пайдо менамоянд, ки бо дидани ин аксҳо бо зебоиҳои пойтахти Тоҷикистон шинос гарданд.