Сирри якум, ҳуқуқи интихоботӣ
Низоми интихоботии кишвар ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Тибқи муқарароти он, ки дар моддаи 27 муайян шудааст, шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Яъне, шаҳрванд аз синни 18 солагӣ ҳуқуқӣ дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан ва интихоб шуданро дорад. Низоми интихоботӣ иродаи бевоситаи халқро ифода менамояд ва мақомоти масъули ҳокимиятро ташаккул дода, танзимгари асосии раванди идораи ҷомеа бо се шохаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Сирри дуюм, дар низоми идораи демократӣ – таҷзияи ҳокимияти давлатӣ
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ имконият фароҳам омад, ки дар моддаи 9 Конститутсия меъёри алоҳида вобаста ба таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти намояндагӣ ҷамъи қонунгузорӣ, ҳокимияти судӣ ва ҳокимияти иҷроия қабул гардад ва амалӣшавад. Дар тӯли шаш даъват аз соли 2000 то имрўз, намояндагони баргузидаи мардум имкон пайдо карданд, ки дар Парламенти касбӣ бо таҳия ва қабули қонунҳои муҳим љињати танзими муносибатҳои асосии ҷомеа рушд ва иқтидори кишвари ҷавонро ба зинаи баланд бирасонанд.
Сирри сеюм, талаботи моддаи якуми Бахтномаи миллат
Хушбахтона, халқи азизи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо такя ба хиради олӣ ва роҳнамоии дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми идораи демократии давлатро ҷонибдорӣ намуд. Дар асоси ин меъёр имрўз мо, дар шаш зинаи идораи давлат ва ҷомеа бо тариқи интихобот, вакили Ҷамоат, вакилони сатҳи ноҳия, шаҳр, вилоят ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳлати панҷ сол интихоб менамоем.
Сирри чорум, ки аз моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд
Дар шароити эъмори давлати демократӣ ва бунёди ҷомеи шаҳрвандӣ мақом ва нақши падидае, мисли интихобот хеле меафзояд. Дар асоси ин модда дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсиии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Аз ҳамин, сабаб интихобот унсури муҳими амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Интихобот воситаи ташаккули мақомоти намояндагӣ мебошад, ки аз сатҳу сифати интихоби арзандаи вакилон вобаста аст. Бинобар ҳамин, дар интихоби вакилон, мо, бояд ба саросемагӣ ва бепарвоӣ роҳ надиҳем, ҳаматарафа бо барномаҳои номзадҳо шинос гардида ба иқтидор ва баланд будани зеҳнияти онҳо боварӣ пайдо намоем.
Сирри панҷуми интихобот- барометри набзи ҷомеа будани он
Бо оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ неруҳои мухталифи сиёсӣ фаъол мегарданд ва таваҷҷуҳи кишварҳои олам, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба Тоҷикистони азиз даҳчанд зиёд мегардад. Дар ин вазъият мо, халќи Тољикистон, ки сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мањсуб меёбем, бояд барои нигоҳ доштани набзи муътадили ҷомеа тамоми неруи зеҳнӣ, касбӣ ва илмию амалии худро сафарбар намуда, кӯшиш намоем, ки интихоботи навбатӣ дар сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ баргузор гардад.
Наимов М.Р
номзади илмҳои сиёсӣ,
дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ
ва робита бо ҷомеаи Академияи
идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон