Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои навбатии зимистонаи осиёӣ, ки аз 7 феврал то 14 марти соли 2025 дар Ҳарбини Чин баргузор мешаванд, иштирок менамоянд. Дар бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар бозиҳои зимистона варзишгарони тоҷик Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Шурои олимпии Осиё тилисм, рамз ва шиори бозиҳоро тасдиқ намуд, ки он чун «Афсонаҳои зимистона, муҳаббат дар маркази Осиё» («Dreams of Winter, Love among Asia») садо медиҳад.
Бояд гуфт, ки Ҳарбин аллакай соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд.