Президенти Тоҷикистон: «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад»

Дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд.

Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки барои  таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои қатъӣ андешад.

«Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд», — баён намуданд Президенти мамлакат.

khovar.tj