17 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 16-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар ҷанбаҳои калидии шарокат, масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, амният, рафъи пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 ва самтҳои татбиқи талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза баррасӣ карданд. Ҳайатҳо пиромуни оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори андеша карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ тадбирҳои пешгирии пайомадҳои COVID-19, аҳамияти татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати вокуниш ба буҳрони имрӯза ва сафарбарсозии манбаъҳои иловагӣ барои бартараф намудани пайомадҳои он дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027-ро таъкид намуд.
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррел нақши абзорҳои муколамавӣ ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупоро дар бартарафсозии пайомадҳои COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин густариши муносибатҳо ва амалӣ намудани иқдомҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятноки байниминтақавӣ муҳим арзёбӣ намуд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ