18-19 ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

18-19 ноябр бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боридани борон ва барф дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  18 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ рӯзона борон  борида, сипас ба барфи тар мубаддал мегардад.

19 ноябр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф борида, дар баъзе минтақаҳои  ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бориши бошиддат пешбинӣ шудааст. Дар ин шабонарӯз ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ то 0-5 дараҷа хунук шуда, шаби 19 ба 20 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 4-9 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Суғд то 6-11 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-17 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст.

Рӯзҳои 19-20 ноябр дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Рӯзҳои 18-19 ноябр дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти шимолу ғарб бо шиддати то 13-18м/с вазида, часпидани барф дар шохҳои дарахтон ва ноқилҳои барқӣ пешбинӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *