Дар Италия табиб ва дар Русия дору ба мушкилоти асосии мубориза бо СOVID-19 табдил ёфт

Дар Италия шумораи гирифторони бемории СOVID-19  соат ба соат зиёд гардида истодааст.   Ҳукумати ин кишвар  эълон кардааст, ки  аз норасоии табибон мушкилоти дараҷаи аввал гардидааст. Дар Русия бошад фурӯшандаҳои  дорухонаҳо аз норасоии доруворӣ шикоят доранд. Намояндагони дорухонаҳо норасоии доруҳоро ба он вобаста медонанд, ки онҳоро пеш аз ҳама муассисаҳои тиббӣ бо дору таъмин мекунанд.   

Пандемияи коронавирус мушкилоти деринаи Италия – норасоии кадрҳои баландихтисоси тиббиро шиддат бахшидааст. Дар ин бора  шабакаи  “Евро Нюс” иттилоъ медиҳад.  Бино ба иттилои манбаъҳои гуногун ҷалби табибони хориҷӣ метавонад  ба ин кишвар кӯмак кунад, аммо барои кор дар системаи тандурустии Италия онҳо бояд шаҳрвандии  ин кишварро ба даст оранд. “Мушкиле, ки мо бо он рӯ ба рӯ мешавем, – шарҳ медиҳад котиби Иттифоқи табибони Италия Анаао Ассомед Карло Палермо, дар он аст, ки танҳо мутахассисон метавонанд дар гурӯҳҳои эҳёгарӣ кор кунанд. Ин ҳам ба табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ дахл дорад. Аммо омор ноумедкунанда аст. Мо ба 2000 табибе ниёз дорем, ки метавонанд дар бахши нафасдиҳӣ кор кунанд. Омӯзши табибони барои ин кор мушкили дигар аст”.

Пас аз хуруҷи сирояти коронавирус, ҳукумат эълон кард, ки миқдори катҳо аз 5200 то қариб ба 11000 афзудааст. Вале ба гуфтаи Карло Палермо, “ин маънои афзоиши шумораи катҳоро бо норасоии кормандони тиб ва дар натиҷа коҳиш ёфтани сатҳи бехатарӣ ва сифати нигоҳубини беморон дорад”.  Ба назари ин коршинос яке аз роҳҳои ҳалли масъала ҷалби донишҷӯёни соҳаи тиб мебошад, ки то ҳол дараҷаи илмии худро нагирифтаанд.

Вилояту шаҳрҳои Ломбардия ва Пиемонт, бо дархости ҷалби табибон аз дигар кишварҳои ҷаҳон ба ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ муроҷиат карданд.   Ассотсиатсияи табибони хориҷӣ аз ҳукумати Италия  дархост кардааст, ки қоидаҳои ягонаи ба кор қабул кардани табибонро дар саросари кишвар татбиқ кунад. Итолия аз ҷиҳати сармоягузории давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ аз бисёр кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса ва Олмон хеле ақиб мондааст.

Ҳамчунин дар аввали моҳи ноябр, дорухонаҳои Русия камбуди антибиотикҳо ва доруҳои зидди вирусиро, ки барои табобати КОВИД-19 истифода мешаванд    ба қайд гирифтанд.  Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба роҳбари Вазорати тандурустӣ Михаил Мурашко супориш додааст, ки миқдори кофии доруҳоро барои табобати сирояти коронавирус таъмин кунанд ва дар ҳолати зарурӣ ба минтақаҳо дар ин масъала кӯмак расонанд. Дар ин робита, тасмим гирифта шуд, ки беморон пас аз як санҷиши манфӣ барои коронавирус, на аз ду санҷиш, ҷавоб дода шаванд.

Тибқи маълумоти охирин, дар як рӯз аз Русия аз COVID-19 442 нафар фавтидаанд, ки ин аз оғози пандемия ҳадди аксар аст. Дар рӯзи чоруми пайдарпай, шумораи сироятёфтаҳои нав аз 22000 зиёдтаранд. Ҳамзамон, дар як рӯз ҳамон миқдор беморон аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Саъдӣ ҒоибовРадиои “Тоҷикистон”

 Саъдӣ Ғоибов

радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *