Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид

Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи энергетика аз ҷумлаи масъалаҳое буд, ки дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати гурӯҳи «Фароб» ва ширкати «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот, ки дар Душанбе доир гардид, мусоҳибон оид ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки мулоқот дар самти ниҳоӣ намудани масъалаҳои ҷойдошта қадами устувор буда, ҳамкории мутақобили судмандро тақвият медиҳад.