19 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Ба иттилоиВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон натиҷаҳои асосии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистонро дар соли 2024 бо тамаркуз ба нақши ҳамоҳангсози вазоратҳои корҳои хориҷӣ баррасӣ намуданд.
Аз сатҳи баланди тамосҳо ва дастгирии якдигар дар ҳошияи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.