Дар Минск ҷаласаи Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид

18 декабри соли 2024 дар ш.Минск ҷаласаи 37-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ доир гардид.Зимни нишаст иштирокчиён як қатор масоили мубрам, аз ҷумла рафти таҳияи лоиҳаи Тавсияҳои методӣ роҷеъ ба баъзе ҷабҳаҳои таҷрибаи шартномавии ИДМ, рушди ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ миёни ҷомеаҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳод, инчунин тамоюлҳои соҳаи ҳуқуқи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.Раёсати Кумитаи машваратӣ ба Тоҷикистон гузашт ва ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.