Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Русия

18 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вобаста ба мавзуъҳои банақшагирии сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти пажӯҳишӣ баргузор гардид. Тавре аз вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими равобити байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода, роҳҳои ҳамоҳангсозии самарабахши фаъолияти сиёсати хориҷиро дар шароити таҳдидҳои муосир баррасӣ карданд.Машваратҳо дар фазои эътимоди тарафайн ва муколамаи созанда баргузор шуданд.