Шуруъ аз 16-ум то 19-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 19-умин Форуми Идоракунии Интернети Созмони Милали Муттаҳид (IGF) таҳти унвони «Сохтани ояндаи рақамии бисёрҷонибаи мо» бо даъват ба амалҳои дастаҷамъӣ ва ҳамкорӣ байни ҳукуматҳо, оғоз гардид. Дар форум беш аз 170 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Дабири кулли СММ Антонио Гутериш зимни баромади онлайнии хеш аз нобаробарии рақамӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳоло беш аз 2,6 млрд нафар дар саросари ҷаҳон ба интернет дастрасӣ надорад.
Дастрасии интернет, амнияти кибернетикӣ, пайдгоиши воситаҳои нави комуникатсионӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба идоракунии дар Форуми Идоракунии Интернети Созмони Милали Муттаҳид, маввриди муҳокима қарор дода мешавад. Бояд зикр намуд, ки форуми мазкур як платформаи муҳими глобалӣ барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба интернет ва рушди он мебошад. Он имконият медиҳад, ки ҳамаи манфиатдорони интернет бо ҳамдигар алоқа дошта бошанд ва барои беҳтар кардани идоракунии интернет якҷоягӣ кору фаъолият кунанд.