18 декабри соли 2024 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2024”, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Дар ин бора сомонаигентии назорати маводи нашъаовар дода, менависад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2024» таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои маҳаллӣ, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, Ситодҳои корӣ таъсис ёфта, нақшаҳои корӣ тартиб дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои банақшагирифташуда дар давраи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2024» аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 366 ҷинояти мухаддиротӣ ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 208 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Инчунин, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1 миллиону 218 ҳазор бех растаниҳои нашъаовари худрӯй бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудааст.
Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ дар воситаҳои ахбори омма баромадҳо, сӯҳбатҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки аъзоёни ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.
Дар маҷмӯъ дар давраи гузаронидани амалиёт 1048 вохӯрӣ, 64 семинар, 2 конфронси илмӣ, 172 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, 52 мизҳои мудаввар гузаронида шудаанд.