18-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе барои вусъат додани ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб (ФКРИА) созишномаи қарзӣ ба маблағи 16,7 млн. доллари ИМА ба имзо расонда шуд. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар додааст.
Созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валид Шимлон Ал-Баҳар, директори генералии Фонд ба имзо расониданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузории ФКРИА 100 млн. доллари ИМА пешбинӣ шуда, он дар 6 марҳила, тавассути созишномаҳои алоҳида ба маблағи 16,7 млн. долларӣ ҷудо мегардад.