18 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати байниидоравии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон – ҳамраиси Комиссия муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Мухтар Бабаев мулоқот анҷом додааст.
Ба иттилои сомона Вазорати корҳои хориҷӣ, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро бо тамаркуз ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки 18 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Вазирон ҳамчунин табодули афкор атрофи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Бокуро дар самти об ва иқлим анҷом доданд.