Шаби шанбе ба якшанбе дар Тоҷикистон барф борид (барфи аввал ҳанӯз 28 октябри соли равон дар манотиқи куҳӣ ба қайд гирифта шуда буд). Аз ин сабаб дар роҳҳо ба амал омадани яхбандӣ ва меғ (туман) ногузир аст.
Тавре Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, моҳи декабр дар кишвар рӯзу шабҳои сард бо тағйирёбии ҳарорат ва аз меъёр 1 дараҷа паст фаромадани он пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе минтақаҳо барфи зиёд меборад ва шамоли сахт (то 17-23 м/с) мевазад. Лиҳозо, дар роҳҳо метавонад яхбандӣ ва меғ (туман) ба вуҷуд ояд.
Ҳарорати ҳаво аз 1-13 дараҷа гармӣ то 1-14 дараҷаи хунукӣ тағйир меёбад, дар қисми шарқии ВМКБ он метавонад то 36-38 дараҷа паст шавад.
Мавриди зикр аст, ки Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO)-и СММ чанде қабл ҳушдор дод, ки зимистони солҳои 2024-2025 дар тамоми қисматҳои ҷаҳон сардиҳои шадид ва тӯфонҳои барфӣ метавонанд ба амал оянд. Ин ба иваз гардидани падидаи иқлимии Эл-Нинйо, ки ба гармтарин тобистон дар таърихи мушоҳидаҳо оварда расонд, ба Ла-Ниня вобаста аст. Барои маълумот: Эл-Нинйо бо гармшавии ғайритабии обҳо дар қисмати марказӣ ва шарқии уқёнуси Ором ва Ла-Ниня – бо хунукшавии ғайритабии ҳамин обҳо рабт доранд.
Дар гузориши WMO зикр карда мешавад, ки бо сабаби гармшавии глобалӣ ва вайрон шудани тавозуни тақсимоти гармӣ шароити вазнини табиӣ ба вуҷуд омада метавонад. Пас аз тобистони гарм, ки бар асари Эл-Нинйо ба вуҷуд омадааст, дар моҳҳои зимистон имкон дорад ҳарорати хунук ва тӯфонҳои барфӣ ба амал оянд.
Зимнан, 13 ноябри соли ҷорӣ Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар ҳошияи иҷлосияи 29-уми Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-29) дар Боку изҳор дошт, ки соли 2024 гармтарин сол дар таърихи инсоният буд ва нишон дод, ки офатҳои табиӣ падидаи маъмулӣ мебошанд.
WMO ҳамчунин иттилоъ дод, ки эҳтимолияти пайдоиши Ла-Ниня то охири соли ҷорӣ 60% — ро ташкил медиҳад. Тағйирот дар гардиши атмосфераи тропикӣ, ба монанди шамол, фишор ва боришот, аз октябри соли 2024 то феврали соли 2025 ба мушоҳида хоҳанд расид.
Дар робита ба ин, ҳанӯз 9 октябри соли 2024 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки омодагии роҳҳои кишвар ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ба мавсими зимистон санҷида шавад. Вай таъкид кард, ки ҳолати роҳҳо, пулҳо ва омодагии техника ва таҷҳизоти махсус бояд мавриди санҷиш қарор дода шавад. Бо ин мақсад бо фармоиши Вазир Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба он муовинони вазир ва роҳбарони зерсохторҳо ва корхонаю муассисаҳои тобеи вазорат шомил шуданд. Гурӯҳро муовини аввали Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода роҳбарӣ мекунад.
Ба гуфтаи Вазири нақлиёти ҶТ, омода кардани миқдори кофии маводи зиддилағзиш, сӯзишвории дизелӣ, ангишт, ҳезум ва сарулибоси махсуси зимистона муҳим аст. Вазир ба ҳамаи корхонаҳои зертобеи вазорат супориш дод, ки чорабиниҳои омодагиро ба зимистон то аввали моҳи ноябр ба анҷом расонанд.
30 ноябр Вазири нақлиёт бо роҳбарони ширкату ҷамъиятҳои нақлиётии мамлакат мулоқоти корӣ доир кард, ки дар он низ зарурати омода кардани воситаҳои нақлиёт барои истифода дар фасли зимистон, гузаштан аз муоинаи техникӣ, санҷиши системаҳои тормоз, шамолдиҳӣ ва гармидиҳии шишаҳо, таҷҳизоти шишатозакунӣ, чароғҳо ва иваз намудани чархҳои тобистона ба чарҳои зимистонаро таъкид гардид. Ба таъмини устувори энергия ва сӯзишворӣ ва ба назари эътибор гирифтани сабақҳои мавсимҳои қаблӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Илова бар ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои муовини вазир Ш.Саидмуродзода таҳти рақами 3(52) 1175 аз 31 октябри соли 2024 ба Ассотсиатсияи нақлиёти байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (AIATT), Ассотсиатсияи интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (ABBAT), Ассотсиатсияи нақлиёти мусофиркашонии Тоҷикистон ва ҶСП «Холдинг Осиё Гуруҳи Тоҷикистон» телефонограмма фиристода, хоҳиш намуд, ки воситаҳои нақлиётеро, ки таҳти назорати онҳо қарор доранд, бо симтанобҳои кашолакунанда (трос), занҷир барои чархҳо, таҷҳизоти яхканак (скребка) таъмин намуда, равғани муҳаррик ва дигар равғанҳои молиданӣ ва филтрҳои равған, моеи хунуккунандаро иваз намоянд ва ҳамаи тадбирҳои омодагӣ ба зимистонро дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Вазорати нақлиёти ҶТ ҳушдор медиҳад, ки дар рӯзҳои бориши барф ва яхбандӣ ҳаракат дар ағбаҳо метавонад хатарнок бошад ва андешидани тадбирҳои махсусро тақозо менамояд. Вазорат аз ронандагони ҳама намудҳои нақлиёт даъват мекунад, ки ба сафар дар роҳҳои кӯҳӣ пешакӣ омода шаванд: чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, инчунин дар мошин занҷирҳои автомобилии зидди лағжиш ва бел барои таъмини бехатарӣ дар қитъаҳои баландкӯҳ дошта бошанд.