Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 

17 апрел  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар деҳаи Аскалони Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бо оилаҳои аз заминларза зарардида мулоқот намуда, бо ҳолати манзилҳои истиқоматии онҳо шинос шуд. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода инчунин дар Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳи деҳаи Бӯстони ноҳияи Тоҷикобод бо сокинони деҳа ва оилаҳои зарадида мулоқот намуда, бо манзилҳои истиқоматии оилаҳои зарардида, инчунин бо вазъи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ва Маркази саломатии «Бӯстон», ки ба сокинони деҳаҳои «Бӯстон», «Кӯли Калон» ва «Сари чашма» хизмати  тиббӣ мерасонад, шинос шуд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои аввалин ба мардуми зарардида таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамаи зарардидагони офати табиӣ  аз кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра бардошта, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.