Ширкати кайҳонии амрикоии SpaceX, 20 моҳвораи Starlink-ро барои пайвастшавиии мустақим ба телефонҳои мобилӣ ба мадор партоб кард. Тавре агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад, гурӯҳи аввалини моҳвораҳо барои пайвасти мустақим ба телефонҳои мобилӣ имкон медиҳад, ки телефонҳои оддӣ ба интернет дар минтақаҳои дурдаст дастрасӣ дошта бошанд.
Starlink лоиҳаи глобалии системаи алоқаи моҳвораӣ мебошад. Он аз ҷониби ширкати SpaceX, таҳия шудааст. Системаи Starlink барои таъмини дастрасии интернет ба корбарон дар саросари ҷаҳон тавассути ҷойгир кардани шумораи зиёди дастгоҳҳои хурди вазнашон то 500 кг дар мадори пасти Замин пешбинӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳаи Starlink системаи Direct to Cell таҳия шуда истодааст, ки пайвасти мустақими телефонҳоро бидуни истифодаи дастгоҳҳои иловагӣ ба шабакаи моҳвораӣ таъмин мекунад.