БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф (Global Partnership for Education, GPE) баргузор гардидааст.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф роҳбарони кишварҳои шарик, донорҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои муҳимми пешрафти маорифро баррасӣ намуданд.

Ҷаласаро вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб хонум Рим ал-Ҳошимӣ оғоз намуда, аз нақши муҳимми ин шарикӣ дар рушди маориф ёдовар шуд. Хонум ал-Ҳошимӣ аҳамияти сармоягузорӣ барои бартараф намудани монеаҳои таълимиро таъкид карда, иброз дошт, ки баррасии стратегияҳои рушди маориф, аз ҷумла нақшагузорӣ барои расидан ба ҳадафҳои таъмини таҳсили босифат ва фарогир аз масъалаҳои асосии шурои мазкур мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур вазири маориф ва илми кишвар, аъзои Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф аз ҳавзаи Аврупои шарқӣ, Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ Раҳим Саидзода намояндагӣ карда, вобаста ба масъалаҳои пешбинишуда суханронӣ ва пешниҳодҳо намуд.

Зимни суханронии худ вазири маориф ва илми кишвар дар ҷаласаи мазкур Шарики глобалӣ дар соҳаи маорифро ҳамчун як платформаи таъсирбахш барои пешбурди таҳсилоти босифат дар ҷаҳон унвон карда, аз ҳамкорӣ бо он изҳори қаноатманӣ намуд.

Вазир маориф ва илм дар суханрониҳои худ қайд кард, ки: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дар ҳоли рушд соҳаи маорифро яке аз афзалиятҳои асосии стратегии худ мешуморад. Дар солҳои охир, мо як қатор ислоҳоти муҳимро амалӣ кардем, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани дастрасӣ, фарогирӣ ва сифати таҳсилот дар ҳама зинаҳои таълим мебошад. Муҳимтарин дастовардҳо ва ташаббусҳои кишвари мо ин баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, ҷорӣ кардани барномаҳои махсус барои дастгирии духтарон дар таҳсил ва омӯзиши касбии омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои муосир ва беҳтар кардани шароити кории онҳо мебошад. Дар ин росто таҳкими инфрасохтори маориф, баланд бардоштани сифати омӯзиш ва фароҳам овардани баробарии гендерӣ дар таҳсил ҳадафҳои асосии мост. Мо итминон дорем, ки тавассути ҳамкории самаранок бо Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф ва дигар шарикони байналмилалӣ метавонем пешрафтҳои назаррасро дар таъмини таҳсилоти фарогир ва босифат ба даст орем”.

Ҷаласа Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф кори худро дар бахшҳо давоми ду рӯз идома дода, дар рафти он қарорҳо дар бораи таъсиси сохтори ҳуқуқии ғайритиҷоратии Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф, аз нав дида баромадани талабот барои интихоби агентии грантӣ, самтҳои стратегӣ, молия ва маблағҳои Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф, ҷанбаҳои стратегии маблағгузори Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф – 2030 ва созишномаи шарикии “COMPACT” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати хотимавии ҷаласа пешниҳод намуд, ки ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф якдилона пазируфта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 аъзои Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф буда, дар назар аст, аввали моҳи июни соли 2025, аввалин маротиба дар кишвари мо, ҷаласаи Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф баргузор гардад.

Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф ташкилоти байналмилалие мебошад, ки бо мақсади дастгирии кишварҳо дар беҳтар намудани сатҳи маориф ва таълим, махсусан дар кишварҳои рӯ ба рушд, амал мекунад. Иштироки вазири маориф ва илм дар ҷаласаи Шӯрои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф иқдоми муҳимми стратегӣ барои таъмини рушди устувори соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълим дар кишвар мебошад.